БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Афзоиши сафи аъзои ҳизб дар маҳал

Ҷ.БАЛХӢ. Баҳри ҷалби аъзои нав ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мунтазам корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки шахсони сазовору арзанда ба сафи ҳизб қабул карда шаванд.

Дар Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия дар фазои тантанавӣ ба 8 нафар аъзои ҳизби нав шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуда, масъулин  таъкид намуданд, ки бояд ҳар як аъзои ҳизб баҳри амалисозии ҳадафҳои Оинномавию Барномавии ҲХДТ кӯшиш ба харҷ дода, дар корҳои ҳизбӣ, тарғиботию ташвиқотӣ фаъол бошад.

Ҳамчунин қайд доштанд, ки сафи ҳизбро мо бояд аз ҳисоби ҷавонони фаъолу болаёқат, шахсони ватандӯсту ватанпараст зиёд намоем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg