ФАРХОР. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар якҷоягӣ бо масъулини Маркази соламатии ноҳия бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ва даъвати сокинони ноҳия ҷиҳати гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии КОВИД - 19 дар Боғчаи №9-и деҳаи Ориён мулоқот доир намуданд.
Зимни суҳбат намояндагони Кумитаи иҷроия оид ба аҳамияти иммунизатсия ва солим нигоҳ доштани гигиенаи шахсӣ суханронӣ намуда, ба онҳо варақаҳои тарғиботӣ дастрас карданд.