БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАКСИНАГУЗАРОНӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ

ЛЕВАКАНТ. Бо мақсади баргузории корҳои тарғиботӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19, иммунизатсия намудани аҳолӣ, истифодабарии мақсадноки неруи барқ ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ дар доираи аксияи ҳизбӣ бо усули «хона ба хона» дар маркази шаҳр гардиш доир гардид.

Дар раванди баргузории аксияи ҳизбӣ намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант ва дигар масъулин иштирок ва суханронӣ намуда, қайд карданд, ки ваксина гирифтан ин ягона роҳи пайдо намудани иммунитети коллективӣ буда, дар ҳолати ба 85% расонидани иммунитети коллективӣ метавон хавфу хатари ин бемориро аз байн бурд. Аз ин лиҳоз аз ҳамаи сокинон хоҳиш карда шуд, ки барои ҳифзи фарзандон ва наздикон бо дарки баланди масъулияти инсонӣ ваксина гиранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg