ПАНҶ. Дар ҳошияи дастуру супоришҳои роҳбарияти болоии ҲХДТ ва бо мақсади вусъат бахшидани корҳои тарғиботӣ дар самти пешгирии аҳолӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус COVID-19 масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳия бо мутахассисони соҳа, аъзои ташкилоти ибтидоии “Сино”-и Маркази саломатии ноҳия дар маҳаллаи “Сулҳ”-и ҷамоати шаҳраки Панҷ корҳои амалиро роҳандозӣ намуданд.
Дар ин росто ихтиёриёни маҳаллаи номбурда ваксина карда шуда, ба сокинон варақаҳои иттилоотӣ, маҳлулҳои антисептикӣ ва ниқобҳои тиббӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемориро дастрас карда шуд.