КӮШОНИЁН. Дар толори фарҳанги ноҳия бахшида ба 27-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он узви Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ, раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Шомалангова Миҷгона, муовинони раиси ноҳия, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва фаъолон аз ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд.
Дар чорабинии фарҳангӣ хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва сарояндагони бахши фарҳанги ноҳия бо қироати порчаҳои шеърӣ ва сурудҳо дар васфи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва диёри маҳбуб, сулҳу дӯстӣ хотири иштирокдоронро болида гардониданд.