ҚУБОДИЁН. Дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҷамоати деҳоти “20-солагии Истиқлоли давлатӣ”, “Бӯстон”, “Дӯстон” ва “Б Ғафуров” маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2021 баргузор гардид.
Дар маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ Раҳмонқулов Маъруф оид ба фаолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2021 шунида шуда, вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Дар идомаи маҷлис вобаста ба тарзи дурусти таълиму тарбия нисбати ҷавонону наврасон, инчунин ҷалб намудани шахсони арзанда барои пайвастан ба сафи ҲХДТ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд.
Дар охир ҳисоботи ташкилотҳои ибтидоии дар болозикргардида хуб арзёбӣ гардид.