БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КАЙ ТАВОН АЗ ҲАРФИ САРДИ ДУШМАНОН ОСУДА ШУД?

ВОКУНИШ. Тоҷикистон кишварест саропо меҳрофарину дилнишин. Меҳри бузурги ин сарзамини зарнисор ҳар як тоҷики асилро дар дилу ҷон ҷой аст. Мардуми тоҷик Ватани хешро чун модари азиз дӯст медоранду эҳтиром мекунанд. Халқи тоҷик ботамкину ҳушёр буда, ба ҳар гуна дассисаҳо бовар намекунад ва танҳо ба Сарвари хеш, ки таъмини амнияти давлатӣ ва миллиро бар дӯш доранд, гӯш меандозаду аз сиёсати хирадмандонаи Роҳбари хеш ҳамаҷониба пуштибонӣ менамоянд.

Имрӯзҳо хоинони миллат мехоҳанд ба ҳар роҳу восита ақидаи миллати тоҷикро махсусан ҷавононро нисбати Сарвари маҳбуб, нисбати кишвари азиз дигар намоянд. Онҳо худро ҳомии дини ислом вонамуд карда, аз ҳадису ривоятҳо мисолҳо оварда, худро мусалмон, ғамхору меҳрубони халқ нишон дода, мехоҳанд халқи тоҷикро гумроҳ намоянд. Аммо афсӯс сад афсӯс... ин кору фикри онҳо ҳеҷ гоҳ амалӣ нахоҳад шуд, зеро миллати тоҷик босаводу дурбин мебошад ва ба дурӯғҳои ин шайтонон бовар нахоҳанд кард. То ба кай ин хоинон, душманони миллат иғвоангезӣ менамоянд, то ба кай миллати тинҷу осударо ба ноором сохтан мекӯшанд, то ба кай фитнаҷӯӣ менамоянду ба монанди сагон меҷаканд? То ба кай бо дурӯғу дурӯягӣ мардумро гумроҳ менамоянд?

Дар урфият чунин мегӯянд, ки “Офтобро бо доман пӯшида намешавад” ва мардуми тоҷик хуб медонанд, ки ин гурӯҳҳои ифротӣ ва аъзои онҳо кистанду чӣ мақсад доранд. Онҳо бадхоҳони миллатанд.

Бинобар ин, моро зарур аст, ки ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳем, бикӯшем, ки ваҳдати миллии худро нигоҳ дорем, зеро сулҳу салоҳ, тинҷиву оромӣ ва зиндагии осоишта аз ҳар яки мо вобаста аст. Ҳар яки моро зарур аст, ки иттиҳоду сарҷамъ бошему сулҳу оромӣ ва ваҳдату ягонагии кишвари маҳбубамонро  мисли гавҳараки чашм нигаҳбон бошем.

Мирзоева Г., мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg