ВОСЕЪ. Бо мақсади иҷрои ҷадвали баргузории маҷлисҳои ҳисоботии ҷамъбастии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар ташкилоти ибтидоии “МТМУ №50”-и ҷамоати деҳоти ба номи М. Вайсови ноҳия бо иштироки масъулини ҳизбӣ маҷлиси ҷамъбастӣ баргузор гардид.
Баъд аз шунидани ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии “МТМУ №50” Файзов Исо, масъулини ҳизбӣ баромад намуда, оид ба истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, дар роҳи дуруст ва дар рӯҳияи хештаншиносӣ тарбия намудани наврасону ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбҳои ифротӣ ва инчунин, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории коронавирус суханронӣ намуданд.
Иштирокдорон дар идома иброз намуданд, ки баҳри пешравии сарзамини биҳиштосо ва тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи худогоҳиву хештаншиносӣ сидқан талош намуда, баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои барномавии ҲХДТ саҳми хешро мегузоранд.