ВОСЕЪ. Корҳои созандагиву ободонӣ дар ноҳияи Восеъ то ба ҳол идома дорад. Вобаста ба меъёрҳои муосир мутобиқ намудани ҳолати роҳҳо, истгоҳҳо мумфаршкунӣ воқеъ дар назди ташкилоти ибтидоии “Султони Кабир”-и ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳия ба иҷро расонида шуд.
Аз ҷониби соҳибкорӣ ватанӣ бо мақсади таъмини шароити мусоид барои соҳибкорони ноҳия истгоҳ ва майдони бозор мумфарш карда шуд.
Бояд қайд намоем, ки таъмиру азнавсозии роҳҳои деҳаву маҳаллаҳо бо ҷалби соҳибкорон ва шахсони саховатпешаи ноҳия ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастур ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараён аст.