Ҷ.БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Коллеҷи энергетикӣ”-и ноҳия бо иштироки васеи аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар ноҳия маҷлиси ҷамъбастӣ доир гардид.
Роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳия Нуруллоев Саъдулло аз рӯйи масъалаи рӯзномаи маҷлис оид ба фаъолияти ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳия дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022 баромад намуда, аз рӯйи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис нақшаи кории ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳия барои соли 2022 тасдиқ карда шуд.