БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МИНБАРИ МУҲОҶИР Ё МИНБАРИ МАНФИАТ?

ВОКУНИШ. Дар ҷомеаи имруза инсонҳо метавонанд, бо саъю кӯшиш, ҷаҳду ҷадал, ризқи худро пайдо созанду, зиндагии осоиштае дошта бошанд. Зеро ҳаёт чунин офарида шудааст, ки ҳар махлуқи офаридашуда то охирин нафас  баҳри пайдо кардани  ризқу рузии хеш бояд заҳмат кашад. Мо инро метавонем дар ҳаёти чи шоҳ ва чи гадо мушоҳида намоем, ки онҳо низ барои пешбурди зиндагӣ пайваста фаъолият менамоянд. Ҳатто нолаи даҳонро то бо дандон фишурда нарм нанамоем, наметавонем онро фӯру барем.

         Аммо, дар ин баробар ин як зумра инсонҳое низ вуҷуд доранд, ки  ба мисли лошахурон, муфтхуриро касб намудаву, бо ҳар роҳу васила баҳри пайдо кардани қути лоямут, ҳатто виҷдону имонашонро мефурушанд. Яке аз чунин ашхос ровии барномаҳои бофтаю сохтаи “Минбари муҳоҷир” Муҳаммадиқболи Садриддин, Ҳусейн Ашуров, Салмон Холиқов ва як зумра ҳаммаслакони онҳо мебошад, ки мисли анкабут муҳоҷиронро шикор кардаву, ба воситаи барномаҳояшон онҳоро дар ҷиноятҳои худ шарик сохта истодаанд. Албатта муҳоҷират ин равандест, ки хосси тамоми кишварҳо буда, дар рушду пешрафти ҳар давлат нақши калидии худро дорад. Муҳоҷирони тоҷик дар баробари дигар муҳоҷирони дунё бо мақсади пешбурди зиндагии худ ба кишварҳои дигар сафар кардаву бо заҳмату машғулияту фаъолият обрӯву нуфузи худ ва хонаводаашонро ҳифз намуда, намегузоранд, ки оилаи онҳо ба ҷинояткорию дигар амалҳои зишт даст зананд. Аммо таҳиягарони барномаҳои иғвоангезона ба монади М.Садриддин, Ҳ.Ашуров, С. Холиқов бо доштани кибр, ғурур, худхоҳӣ ва кутоҳназарии худ, мехоҳанд муҳоҷирони ноогоҳро бозичаи дасти худ гардонида, ба суи худ моил созанд ва ҳар гоҳе, ки хостаанд баҳри манфиати худ фурушанд. Ин лошахурони сабӯкандеш мехоҳанд маҳз тавассути  муҳоҷирон ғаразҳои тинатии худро бароварда гардонанду, онҳоро яке аз бинандаҳои ашадии худ ва ё ба қавли дигар фанатики худ созанд. Бе шак ин гуруҳи пастфитрат тавонистаанд, як қатор ҷавонони ноогоҳу суст иродаро ба худ ҷалб намоянду, онҳоро дар барномаҳои худ қаҳрамон нишон дода, зидди якдигар шуронанд. Ин ҷавоноро то ҷое мағзшӯи доранд, ки баъзе онҳо ҳатто аз баҳри падару модар, зану фарзанд, гузаштаву сайди ин фитнаангезони замон гардидаву худ бе дараканд. Ҷавононе, ки дар барномаҳои ин зархаридон афтодаанд, намедонад, ки дар пои ин оммафиребон хор халидаву онҳоро ба монанди сузан истифода менамоянд ва дар сурати аз по берун кардани хор дигар на ҳоли муҳоҷирон ба онҳо муҳим асту на худи онҳо.

Бинобарин аз сокинони кишвари азизамон махсусан онҳое, ки дар муҳоҷирати меҳнати қарор доранд даъват ба амал меоварам, ки бо шикастнафасӣ, дӯрандешӣ, рӯ оварда ба дасисаҳои ин гуруҳи манфиатхоҳ ё сагони дайду дода нашаванд, зеро манфиат ягона чизест, ки ҳатто инсон барои он азизтарин дороии худ, дин, мазҳаб ва волидайни худро мефурушад, ки ин амалҳоро мо дар зиндагии ин разилон мушоҳида кардаем.

Худойдод Ёров, сармутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg