ШАҲРИТУС. Кормангдони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус дирӯз дар ташкилоти ибтидоии “Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал» оид ба натиҷагирӣ аз соли 2021 маҷлиси ҷамъбастиро доир намуданд.
Бояд қайд намуд, ки дар маҷлиси ҷамъбастӣ натиҷаи фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2021 ва вазифаҳо дар соли 2022, натиҷагирӣ аз маъракаи “Обуна-2022” ба нашрияҳои ҳизбӣ, қабул ё боздошт ва ё аз қайд баровардани аъзои ташкилот (ҳизб) ва дигар масъалаҳои ҷорӣ (тасдиқи накшаи корӣ ва ҷадвали мавзӯъҳои соатҳои сиёсии ташкилоти ибтидоӣ барои соли 2022) мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.