БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИЗБИЁН СОЛИ СИПАРИШАВАНДАРО ҶАМЪБАСТ КАРДАНД

ДӮСТӢ.  Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ  дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ маҷлисҳои ҷамъбастӣ идома доранд.

Чунин маҷлиси ҷамъбастӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "КАТС" доир карда шуд, ки дар он  намояндагони Кумитаи иҷроия ва аъзои ташкилоти ибтидоӣ иштирок ва баромад намуданд.

Сараввал, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии  "КАТС" вобаста ба фаъолияти ташкилот дар соли ҷорӣ, ҳисобот дода, қайд кард, ки ваксинакунонӣ вобаста ба пешгирии бемории Ковид-19  дар тамоми ҷамоатҳои деҳоти ноҳия идома дорад ва сокинон метавонанд аз ин ваксинатсия васеъ истифода бурда, солимии худ ва дигаронро аз бемории мазкур  ҳифз намоянд.  

Дар анҷоми маҷлис, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Қурбонов Абдулҳафиз вобаста ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли равон баромад карда, иброз дошт, ки шахсони масъули ташкилоти ибтидоиро зарур аст дар оянда  ба таҳкими фаъолияти  ҳизбӣ, фаро гирифтани аҳолӣ бо ваксина ва беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба шаҳрвандон масъулияти ҷиддӣ зоҳир намоянд ва дар корҳои ободониву созандагӣ саҳми худро гузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg