Н.ХУСРАВ. Ин навбат дар ташкилоти ибтидоии “Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ”-и ноҳия маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти солона баргузор гардид.
Раиси ташкилоти ибтидоии “МНДСЭ”-и ноҳия аз фаъолияти солонаи ташкилот ҳисобот пешниҳод намуд. Дар ҳисобот оид ба масъалаҳои ҳалталаби ташкилоти ҳизбӣ ва корҳои ба анҷом расонида, ҷиҳати таблиғи ҳадафҳои Барномавии ҳизб, ҳаракати аъзои ҳизб тибқи нишондоди «Роҳнамо барои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ” ҳамарӯза фаъолият намуда истодаанд ва дар оянда низ дар татбиқи Аксияҳои ҳизбӣ кӯшиш ба харҷ хоҳем дод.
Дар охири маҷлиси ҳисоботии ташкилоти ибтидоӣ аз рӯи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои далдор қабул гардид.