
Н.ХУСРАВ. Дар ташкилоти ибтидоии «Шифо» маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2021 баргузор гардид.
Раиси ташкилоти ибтидоӣ Одинаев Низомиддин дар назди иштирокдорон аз фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур дар соли 2021 натиҷагирӣ карда, ироа дошт, ки соли сипаришаванда барои мо ҳизбиён соли хотирмону бобарор дар масири корҳои созандагиву бунёдкорӣ аст. Чунки мо дар ин соли фаромӯшношуданӣ 30-солагии Истиқлоли давлтиро бо шукӯҳу шаҳомати хоса дар ҳар гӯшаву канори ҷумҳурӣ таҷлил намудем, ки ин барои ҳар яки мо мояи ифтихор аст. Мо масъулони ташкилоти ибтидоӣ дар оянда низ тасмим гирифтаем ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои Барномавии ҲХДТ, ки шиораш “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!” мебошад, фаъолияти хешро тақвият бахшем.
Инчунин, дар маҷлиси ҷамъбастии солонаи ташкилоти ибтидоӣ масъулини Кумитаи иҷроия иштирок ва баромад намуданд.