
ФАРХОР. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ва ҷалби сокинон ҷиҳати гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии КОВИД - 19 дар дар якҷоягӣ бо намояндагони Маркази соламатии ноҳия дар маҳаллаҳои ҷамоати шаҳраки ноҳия бо усули «хона ба хона» гардиш доир намуданд.
Зимни суҳбат бо аҳолӣ намояндагони Маркази саломатӣ оид ба солим нигоҳ доштани солимии худ ва дигарон, истифодаи гигиенаи шахсӣ ва аҳамияти иммунизатсия суханронӣ намуданд. Инчунин, дар идомаи суҳбат ба онҳо варақаҳои тарғиботиро дастрас карданд.