ХУРОСОН. Тибқи ҷадвали тасдиқгардида баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон баргузор гардида истодааст.
Санаи 21-июни соли равон бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон Азим ва раиси ташкилоти ибтидоии “Идораи коммуналӣ» Холиқов Сайдалӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Саидзода Раҳмон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии ҳизб, нисбати сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, дар самти шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар самти мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли соҳаҳои иҷтимоӣ, олимон, зиёиёни эҷодкор ва ходимони дин, ки аз 12майи соли 2018 бармеояд, инчунин оид ба сафари кории Пешвои миллат аз ноҳияҳои Данғара ва Темурмалик ки рӯзи 2 июни соли равон бармеояд, суханронӣ намуд.
Баъд аз баргузории вохӯрӣ Саидзода Раҳмон бо тарзи ҳуҷҷатгузории ташкилоти номбурда шинос гардида, ба шахсони муттасаддӣ баҳри иҷрои вазифаҳои пурмасъулияти ҳизбӣ тавсияҳои судманд дод.