ФАРХОР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Зидди ВНМО" маҷлиси ҷамбастӣ баргузор гардид.
Дар маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур Эшонова Рӯзафзун “Дар бораи натиҷаи фаъолияти ташкилоти ибтидоии "Зидди ВНМО" дар соли 2021” шунида шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Ҳамзамон, нақшаи кории ташкилоти ибтидоии мазкур барои соли 2022 тасдиқ карда шуд.
Инчунин, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар масъалаи ҳаракати аъзои ҳизб, сарфакорона истифодабарии неруи барқ ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ баромад намуда, ҳамагонро барои татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ раҳнамоӣ кард.