ФАРХОР. Маҷлиси ҷамъбастӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маҳаллаи №10” баргузор гардида, дар он ду масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Аз рӯи масъалаи якум котиби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маҳаллаи №10” Назирмадова Зика ҳисобот дода, вобаста ба масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул намуд.
Доир ба масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар бораи ҳаракати аъзои ҳизб сухаронӣ намуда, бо дастгирии иштирокдорон нақшаи чорабиниҳои ташкилоти ибтидоӣ барои соли 2022 тасдиқ карда шуд.
Сипас, масъулин оид ба мақсаднок истифодабарии қувваи барқ ва пардохти саривақтии маблағи ҳаққи истифода барқ, пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ баромад намуданд.