ПАНҶ. Дар ҳошияи дастуру супоришҳои роҳбарияти болоии ҲХДТ ва бо мақсади вусъат бахшидани корҳои тарғиботӣ дар самти пешгирии аҳолӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус COVID-19 масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳия бо мутахассисон, аъзои ташкилоти ибтидоии “Сино”-и назди Маркази саломатӣ дар маҳаллаи ба номи “Атавуллоев”-и ҷамоати шаҳраки Панҷ корҳои оммавиро роҳандозӣ намуданд.
Дар ин росто ихтиёриёни маҳаллаи номбурда ваксина карда шуда, ба сокинон варақаҳои иттилоотӣ, маҳлулҳои антисептикӣ ва ниқобҳои тиббӣ оид ба пешгирии паҳншавии беморӣ дастрас карда шуд.