НОРАК. Дирӯз бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии "Роҳсоз"-и шаҳр баргузор гардид.
Дар маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии "Роҳсоз" оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар соли 2021 шунида шуд.
Баъдан, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар назди иштирокчиён вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, дастовардҳои даврони Истиқлол, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатдории ташкилоти ибтидоӣ суханронӣ кард.
Дар охири маҷлис аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки ба фаъолияти ҳизбии ташкилоти ибтидоӣ диққати ҷиддӣ дода, дар корҳои ободониву созандагӣ, аксияҳои ҳизбӣ фаъолона иштирок намоянд ва баҳри сарсабзию гулгулшукуфии меҳани маҳбуб саҳми сазовор бигузоранд.