БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МЕРОСИ ПАДАР ХОҲӢ, КАСБИ ПАДАР ОМӮЗ!

АНДЕША.  Ҳунар чашмаест зоянда ва давлатест поянда. Ҳунарманд дар ҳама давру замон обрӯ ва эътибори хосса дошт ва дорад. Бо ҳунари волои худ ҳунарманд метавонад як харобаро ба гулистон  табдил диҳад. Миллати тоҷик аз   замонҳои хеле пеш   таърих ва фарҳанги ғанӣ дошт. Вале мутаассифона он ҳунарҳои мардумӣ рӯз то рӯз коста гашта истодааст.Сабаби ин дар чист? Чаро ҷавонони имрӯза ин  қадар беҳавсала гаштаанд ба он ҳунарҳои мардумие, ки аз гузаштагони мо то имруз ба мо омада расидаанд кам эътибор медиҳанд. Фикр мекунам , ки сабаби асосии он тамошои ҳар гуна филмҳое, ки аз тариқи моҳвора пахш мегардад, боис мешавад ва сабаби дигар дар он аст, ки ҷавонон бештар ба телефонҳои мобилӣ  дода шудаанд.  Мо  бояд фаромӯш насозем , ки “ Мероси падар хоҳӣ,  касби падар омӯз”- гуфтаанд. Хушбахтона,  Пешвои  муаззами  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хиради азалии тоҷиконаи  худ  солҳои 2019-2021- ро  “ Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”  эълон намуданд. Ин боис гашт , то  он ҳунарҳои мардумие, ки қариб аз байн рафта буданд, дубора эҳё гарданд. Барои ҳунармандони асил қабул гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ такони ҷиддӣ бахшид. Зеро барои онҳо шароити мусоид фароҳам омад, ки ҳунари хешро бештар инкишоф диҳанд ва барои бештар нишон додани маҳсулоти дастии хеш кӯшиш намоянд. Мардуми  солҳои 70-80-90-уми асри гузашта назар ба имрӯз ба ҳунарҳои волои худ аз замин то ба осмон фарқ доранд. Мисол ба гуфти модарам дар оилае, ки духтар таваллуд мешуд мақолае дар байни мардум буд. “ Духтар дар гавҳора – очаш овора”, яъне модарон  то ба балоғат расидани духтаронашон барояшон ҷиҳози арӯсӣ, аз қабили зардеворӣ,чойхалта, болиштҳои гулдӯзӣ ва давриҳое, ки тақрибан 3-4 ҳатто 5 метрро дар бар мегирифт, омода менамуданд. Инчунин, барои домоди ояндаашон тоқии гулдӯзӣ,  рӯймол (миёнбанди гулдӯзӣ ) тайёр менамуданд. Номгӯи ҷиҳози арӯсӣ,  аз қабили чойхалта , ойнахалта ,чолбанд, ширози почаву тоқии гулдӯзӣ ва ғайраву ғайраҳо тамоман аз байн рафтаанд. Арӯс ба ҳамроҳи модараш ҳатто дару тирезаҳои худро бо пардаҳои гӯлдӯзӣ оро медод, ки он хоси ҳамон давру замон буд. Ҳоло бошад ба гуфти шоир “ Замона дигар гашту мо ҳам  дигар гаштем” модарони имрӯзаи мо барои духтаронашон 5-6 пар болиштҳои гулдӯзӣ аз бозор харидорӣ менамоянд , ки нархи ҳар кадоми он 50-60 сомониро ташкил медиҳад ва бо ҳамин вазифаи модарии худро анҷом медиҳанд.   Ин боис мегардад, ки дар хонаи арӯсони имрӯза намунае аз ҳунарҳои мардумӣ ба чашм намерасад, агар ба ҷои тур болои тахти арӯсиро бо чодарҳои гулдӯзӣ мепӯшониданд зебу зиннати дигаре пайдо мекард. Хулоса чуноне , ки шоир гуфтааст:

Ҳунар омӯз к- аз ҳунармандӣ.

Дар кушоӣ кунӣ на дар бандӣ,

Мо ҷавонон , ки ояндаи миллат ва давомдиҳандаи кори неки гузаштагони хеш ҳастем, бояд аз таърих ва фарҳанги миллати худ пуштибонӣ  намоем. таъриху фарҳанги халқамонро гиромӣ дорем ва барои ободиву пешрафти минбаъдаи Ватани маҳбубамон саъю кӯшиш намоем.

М. Давлатова,  мудири  шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар н.Дӯстӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg