КӮШОНИЁН. Тибқи дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгириву кумак намудан ба маъюбону ниёзмандон ва ятимон ба муносибати 27-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон узви Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ, раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин Сироҷиддин дар якҷоягӣ бо раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шомалангова Миҷгона ба 20 нафар ятимони кулл либоси зимистона ва туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуданд. Дар ин рӯзи фараҳ шахсони ниёзманди ҷомеаро хурсандиашон ҳадду канор надошта, онҳо дастгириву ғамориҳои пайвастаи ҳизбиёнро идомаи мантиқии сиёсати ятимпарваронаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ карданд.