КӮШОНИЁН. Қабл аз оғоз гардидани чорабинии ҳизбӣ бахшида ба 27-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуд, ки аз он узви Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ, раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шомалангова Миҷгона ва дигар меҳмонону иштирокчиён дидан намуданд.
Раиси ноҳия зимни шиносоӣ аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ба ҳунари дастии ҳунармандони чирадаст баҳои баланд дода, таъкид кард, ки барои ба ояндагон ба мерос гузоштани фарҳанги волои миллати тоҷик ба насли наврасу ҷавон чунин ҳунарҳои мардумиро омӯзонанд.