ДӮСТӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Озодагон" маҷлиси ҷамъбастӣ гузаронида шуд.
Дар маҷлиси мазкур муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, раис ва аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Озодагон" иштирок доштанд.
Сараввал раиси ташкилоти ибтидоӣ Х. Раҳимов баромад карда, вобаста ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2021 ҳисобот дод.
Дар анҷоми маҷлис муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Зоиров Сабзалӣ суханронӣ карда, вобаста ба ихтиёран ҷалб намудани ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ, дар замири онҳо ҷой намудани ҳисси ватандӯстӣ ва иштироки фаъоли ҷавонон дар аксияҳои ҳизбӣ ибрози андеша намуд.