АНДЕША. Мо тоҷикон яке аз миллатҳои хушбахттарин ҳастем, ки Тоҷикистон ном Ватан дорем. Ватани зебо, ватани дилкушо, ватани обод ва пеш аз ҳама ватани тинҷу ором. Ватане дорем, ки дар он сулҳу субот пойдор аст. Ватане дорем, ки роҳбари оқилу хирадманд, маҳбуби ҳамагон, ғамхори мардум ва дӯстдори халқ насибамон гардидааст. Ин абармард Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки шахсияти олиму оқил, фозилу хирадмандест, мардумро дар атрофи худ муттаҳид ва дар қалби мардум шуълаи умедро бедор намуданд. Пешвои маҳбуби миллат шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллат, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватан, фароҳамоварандаи шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ мебошанд.
Сарвари давлат аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омаданашон дили мардумро ба рӯзгори неку осуда ва саодатмандию фирӯзӣ гарм намуд. Ватани мо, ки рӯ ба нестшавӣ оварда буд, халқи тоҷик бо дили пур ба ин фарзонафарзанд бовар намуд, ки ин шахсият Ватанро аз нобудӣ раҳо мебахшад, мардумро сарҷамъ намуда, Тоҷикистонро аз нав месозад. Ва чихеле, ки мебинем ҳамин тавр ҳам шуд. Эътимоду боварии халқи тоҷик барбод нарафт, баръакс Эмомалӣ Раҳмон барои тинҷуву оромӣ, сулҳу суботи миллати хеш ҷони худро низ дареғ надошт.
Ҷон фидо дар роҳи паймон кардааст,
Сад биёбонро гулистон кардааст.
Сарзамини пора-пора гаштаро
Ҷамъ карда Тоҷикистон кардааст.
Пас ин абармарди нексириштро чӣ гуна Пешвои худ напазирем, чӣ гуна дӯсташ надорем, чӣ гуна эҳтиромаш накунем, ҳангоми аз наздик диданаш чӣ гуна ашки чашмонро нигоҳ дорем, чигуна?
Хулоса, мо мардуми тоҷик садҳазорон шукронаи ана ҳамин марди хирадманд мекунем. Шукронаи тинҷиву оромии сарзамин мекунем ва ба ватану миллат ва сарвари худ содиқ буда, ҳамаи ин неъматҳоро чун гавҳараки чашм нигоҳ медорем.
Мирзоева Г., мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ