ВОСЕЪ. Маҷлиси ҷамъбастӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи Марказӣ” бо иштироки масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ баргузор гардид.
Дар маҷлис се масъала мавриди баррасӣ қарор гирифта, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи Марказӣ” Нозимова Сафаргул ҳисоботи ташкилоти ибтидоии мазкурро дар соли 2021 ироа намуд ва доир ба масъалаҳои он қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Дар идома муовини раис, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Мирзоев Сафаралӣ ба сухан баромада, оиди пешгирии бемории сироятии ҳамагир коронавирус, риояи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, саҳм гузоштан дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз андешаронӣ намуд.