![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/1%20%282%29_39.jpg?itok=tugHKFWE)
АНДЕША. Мо дар зиндагии хеш ба баъзан дастовардҳо ноил мегардему боз аз он зиёдтар мехоҳем. Аз овони хурдсолӣ кӯшиш мекунем, ки ҳар чи зудтар ба воя расему ба дастовардҳои нав ба нав ноил гардем. Дар ин самт ҳамарӯз дар талошем. Аммо баъзан ҳолатҳо аз мавҷуд будани баъзан имкониятҳо ношукрӣ карда, аз он бештарро талаб менамоем. Табиати инсонӣ маҳз ҳамин аст. Лек мо нафари бо шуурем бояд ба ҳар як неъмаҳои бадастомадаи зиндагӣ, ки моро иҳота намудаасту аз он истифода мебарем, шукрона намоем. Андешаи зиёд ба даст овардани баъзан дороиҳо моро шояд несту нобуд созад ё аз баъзан имкониятҳои доштаамон маҳрум созад.
Дар ҳаёт талош намудан ҳатмӣ аст. Аммо кӯшиш намудан лозим аст, ки имконияти мавҷудбудаи худро аз даст надиҳем. Мо танҳо дар он вақт ба қадри иқтидор ва дигар имкониятҳои худ мерасем, ки аз он маҳрум шавем. Беҳтарин неъмати имрӯзаи мо амният, сулҳу оромӣ ва соҳибистиқлолии кишвари азизамон аст.
Мо дар шабакаи ҷаҳонии интернет аз ҳодисаҳои давлатҳои хориҷ бохабар мешавему вазъи сиёсии онҳоро медонем. Барои онҳо душвор аст дар баъзан ҳолатҳо сайру гашт кардан.
Аз ин лиҳоз мо мардуми Тоҷикистон баҳри ҳимояи марзу бум ва дастовардҳои нодири замони соҳибистиқлолӣ кӯшиш ба харҷ диҳему барои манфиатҳои миллӣ ҳамеша дар талош бошем.
Сафаралӣ Мирзоев, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ