БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИҒВОАНГЕЗИҲО АЗ ҲНИ ОҒОЗ ГАРДИДА БУД

ВОКУНИШ. Ташкилоти    экстремистию  террористии  ҲНИ  тӯли  40   сол дар саҳнаи  сиёсати   Тоҷикистон  амал кард. Ҳанӯз  аз солҳои 70-уми асри гузашта  ба  иқрори худи масъулини ин ҳизби мамнӯъшуда, наҳзатиён мавзӯи сари ҳокимият омадан ва табдили давлати дунявиро ба давлати динӣ дар ҷомеа матраҳ мекарданд. Баъди муноқишаҳои дохилӣ ин ҳизб парлумонӣ гардид, вале сиёҳдилии онҳоро мардум дарк карданд, ки билохира ҳизби наҳзат шикаст хӯрд. Аз назари Кабирӣ ва ёронаш гӯё дар Тоҷикистон дин хор шуд, ҳеҷ гуна озодии эътиқодӣ риоя намешавад. Аммо воқеият ин аст, ки ҳар нафаре худро пайрави дини ислом ва мазҳаби ҳанафӣ меҳисобад, комилан озод аст. Наҳзатиён хостанд аз дини мубини ислом сӯистифода кунанд, чунки хоҷагони хориҷиашон ин гуна муносибатро ба онҳо бо пардохти маблағ роҳнамоӣ менамуданд.Чуноне ки аз гуфтаҳои яке аз муассиси ташкилоти экстремистӣ-террористии ҲНИ Айёмиддин Сатторов бармеояд, новобаста аз маблағгузории Ҷумҳурии исломии Эрон дар пойгоҳҳои низомии шаҳрҳои Ирок, Пардис ва Мозандарони ин кишвар таълими низомӣ гирифтани аъзои ин гурӯҳҳо далели ин гуфтаҳост. Чӣ тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд:  «Ифродгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст. Мубориза бо экстремизм, терроризм ва ҷинояткориро ҳаргиз мубориза бар зидди дин муаррифӣ набояд кард».

Аслан аз номи поки ислом ҳизб сохтан ва онро барои сиёсат истифода кардан ихтилофи ҷомеаро ба вуҷуд овардан аст. Дин бояд поку озода бимонад. Ҷавонони моро зарур аст, ки дар муқобили ин ҳама фитнаҳо истодгари муборизаи оқилонаи зеҳнӣ ва ҷисмӣ баранд. Зеро дар замони ҷаҳонишавӣ ҷудо будан аз навгониҳои рӯз ғайриимкон аст. Зарур аст, ки бо ҷавонон бештар кор барем ва онҳоро ба тарзи ҳаёти солим, хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва илмомӯзӣ ташвиқ намоем. Ихтилоф ангехтан бо мақсади дарёфти обрӯву мансаб аз бадтарин фазилатҳои инсонӣ буда, ҳадафи аслии он суст гардонидани таҳкурсии давлату миллат мебошад.  Чуноне, ки имрӯзҳо мебинем дигар гурӯҳҳое, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ сару садоҳо баланд намуда, ҷавонони моро бо роҳи фиребу дассисаҳо мутеи барномаҳои худ месозанду бо далелу наворҳои сохтакоронаи худ тафаккури мардумро дигар кардан мехоҳанд. Дар васфи чунин инсонҳое, ки нисбати халқу Ватан андешаҳои нопок доранд, Сайидои Насафӣ фармудааст:

Ҳар, ки бо душмани халқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.

Абӯбакр Ҷалолов, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg