БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАЗИФАҲО БАРОИ ДАВРАИ ОЯНДА МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ҲАМАДОНӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Кӯдакистони №1”  маҷлиси ҷамъбастии солонаи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо иштироки аъзо ва кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баргузор гардид.

Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Кӯдакистони №1” Гулнисои Ҷумахон дар бораи фаъолияти   ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар соли 2021 ҳисобот дода, қайд, кард, ки ҲХДТ зода даврони Истиқлолият буда, дар асоси умеду орзуҳои мардуми шарифи кишвар таъсис ёфтааст. Дар тӯли се даҳсолаи охир аксари мутлақи пешравию рӯйдодҳои муҳиму умдаи таърихи навини Тоҷикистон ба фаъолияти  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иртиботи қавӣ доранд.

Инчунин, мудири шуъбаи таблиғот, иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Гадоӣ Сайдалиев қайд кард, ки ҲХДТ рисолати хешро дар муддати начандон тӯлонӣ дар сатҳи баланд анҷом дод ва ба нерӯи пешбарандаву созандаи ҷомеа табдил ёфт. Ҳизб барои бунёди мактабҳои замонавӣ, марказҳои саломатӣ, варзишӣ ва истироҳатӣ, ки барои таъмини зиндагии шоиста заруранд, чораҷуӣ намуда истодааст. Дар оъири мачлиси ҷамъбастӣ вазифаҳои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ барои соли 2022 муайян гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg