ҶАЙҲУН. Тибқи ҷадвали тасдиқгардида дар ташкилоти ибтидоии «Розиқобод» маҷлиси чамъбастӣ бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Зайдуллоев Муҳамадҷон ва аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоӣ баргузор гардид.
Сараввал, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии " Розиқобод " вобаста ба фаъолияти ташкилот дар соли 2021, ҳисобот дод.
Дар анҷоми маҷлис, намояндаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб баромад карда, ҳозиринро ба 27-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ табрику муборакбод намуда, вобаста ба таҳкими фаъолияти ҳизбӣ, корҳои созандагию бунёдкорӣ ва аз ҳисоби раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ аъзои нав ба сафи ҲХДТ қабул намудан суханронӣ кард.
Тибқи ҷадвали тасдиқгардида, дар дигар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ маҷлисҳои ҷамъбастӣ идома доранд.