Н.ХУСРАВ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Муъминобод» -и маҷлиси ҷамъбастии ҳизбӣ баргузор гардид.
Раиси ташкилоти ибтидоӣ Рустамов Кароматулло оид ба фаъолияти солонаи ташкилот ба аъзои ҳизб маърӯза намуд.
Дар маърӯза оид ба масъалаҳои ҳалталаби ташкилоти ҳизбӣ ва корҳои ба анҷом расонида ҷиҳати татбиқи Оиннома ва Барномаи ҳизб маърўза намуда, қайд кард, ки мо аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои таҳкими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона, инчунин иқтисодиёти устувор, ки баҳри беҳбудии ҷомеа нигаронида шудааст, ҳамарӯза фаъолият намуда истодаем.
Дар ин давра 3 маҷлиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ баргузор гарида, дар онҳо фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ баррасӣ ва муҳокима гардиданд.
Ташкилоти ибтидоии деҳа тарғиби сиёсати сулҳҷӯёнаву башардӯстонаи давлату ҳукумат ва дар ниҳоди ҳар сокини кишвар тарбия намудани ҳисси инсондӯстӣ ва донистани аҳамият ва қадру манзалати сулҳу ваҳдат корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда истодааст.