БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ ҚАРОРҲОИ ДАХЛДОР ҚАБУЛ ГАРДИД

ҲАМАДОНӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мактаби варзишӣ” маҷлиси ҷамъбастии ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баргузор гардид.     

Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мактаби варзишӣ” Саъдуллозода Бахтиёр зимни суханронӣ  қайд кард, ки мо минбаъд низ ба рушди соҳаи варзиш, оммавигардонии он, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ҷалби боз ҳам бештари ҷавонон ба ҳаёти солими ҷомеа, баланд бардоштани майлу рағбати онҳо ба илмомӯзиву навоварӣ барои ҷавонон диққати аввалиндараҷа медиҳем.

Саъдуллозода Бахтиёр дар бораи фаъолияти солонаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мактаби варзишӣ” дар назди ҷамъомадагон ҳисобот дод.

Мудири шуъбаи таблиғот, иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Гадоӣ Сайдалиев оид ба сиёсати хирадмандонаву созанда ва ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат, Президнти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда, маҷлис аз рӯи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg