ВОСЕЪ. Мутасаддиёни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо хонандагони синфҳои болоии Литсейи давлатии №1-и ноҳияи Восеъ дар мавзӯи иҷрои талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” вохӯрӣ гузарониданд.
Зимни баромад намояндагои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб зикр намуданд, ки насли наврасро зарур аст, аз хурдӣ моҳияти қонунҳоро сарфаҳм рафта, дар иҷрои талаботи қонунҳои амалкунандаи кишвар кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Хонандагон низ вобаста ба мавзӯи вохӯрӣ саволҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.