БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фарҳанг ҳастии миллат аст

ЛЕВАКАНТ. Дар асоси ҷадвали баргузории мулоқоту вохӯриҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидоии «Фарҳангчиён»  бо иштироки фаъолон ва аъзои ҳизб вохӯрӣ гузаронида шуд.

Ҷамъомадро муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант  Назарова Фароғат кушода, мақсаду ҳадафи вохӯриро шарҳ дода, ҳамзамон оид ба пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, худкушӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, тарбияи дурусти фарзанд ва пешгирӣ аз ҳар гуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа суханронӣ намуд.

Мудири шуъбаи таблиғот, иттиллоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Валиев Суҳроб ба сухан баромада, атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳамчунин, оид ба нуктаҳои асосии мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  ки санаи 2 июни соли 2018 доир гардид,  ибрози андеша намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg