ПАНҶ. Тибқи нақша- чорабиниҳо ва ҷадвали баргузории маҷлисҳои ташкилотҳои ибтидоии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ барои натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ дар ташкилоти ибтидоии “Амонатбонк” ҷаласаи ҷамъбастӣ бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия баргузор гардид.
Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоӣ Назаров Ҷовидон оғоз намуда, доир ба фаъолияти солонаи ташкилоти ибтидоӣ ҳисобот дод.
Сипас, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Нигора Ҳасанова дар назди ҳозирин баромад намуда, натиҷаи фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Амонатбонк”- ро аз рӯи ҳисоботи роҳбари ташкилот қаноатбахш ҳисобида, барои боз ҳам беҳтару хубтар намудани тарзу усули ҳуҷҷатгузорӣ, сари вақт пешниҳод намудани ҳисоботҳои оморӣ, пардохти ҳаққи узвият, қабул ба сафи ҳизб, тартиб додани ҷузвдонҳо ба роҳбари ташкилоти ибтидоӣ маслиҳатҳои муфид дод.