БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЁДАТИ МАЪЮБОНУ СОБИҚАДОРОНИ ҲИЗБ БАХШИДА БА 27-СОЛАГИИ ҲХДТ

КӮШОНИЁН. Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгириву кумак намудан ба маъюбону ниёзмандон ба муносбати  27-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки узви Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ, раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин Сироҷиддин ва раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Шомалангова Миҷгона омӯзгори собиқадор, сокини ҷамоати деҳоти Меҳнатобод Маҷидова Зубайра аёдат карда шуда, аз ҳолу аҳволи муаллима воқиф гардиданд ва  маводи ғизоӣ  кумаки яквақтаина расониданд. Муаллима Зубайра Маҷидова 42 соли ҳаёти умри худро ба таълиму тарбияи насли наврас бахшидааст.

Ҳамчунин, раиси ноҳия Вализода Икромиддин Сироҷиддин бо раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Шомалангова Миҷгона  аз аҳволи маъюби гурӯҳи якум, сокини ҷамоати шаҳраки Бохтариён, шуъбаи чорум, кӯчаи С. Айнӣ Розиқова Савриро бохабар шуда, ба ӯ аробачаи маъюбӣ ва маводи ғизоӣ кумак расониданд.

Инчунин, раиси ноҳияХуди ҳамон рӯз собиқадори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Мирзошарипов Мирзодоим аёдат карда шуда, ба ӯ низ як миқдор  маводи яквақтинаи ғизоӣ кумак расонида шуд.

Дар рафти суҳбатҳо бо нафарони аёдатшуда қайд карда шуд, ки маъюбону ниёзмандон ва собиқадорон ҳамеша таҳти ғамхорӣ ва дастгириҳои давлату Ҳукумати кишвар, хосатан Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ қарор доранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg