БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАЁТ БИДУНИ ЗӮРОВАРӢ ЗЕБОСТ

АНДЕША. Оила даргоҳи муқаддас, мактаби одамият аст. Муқаддас донистани оила ва ба он арҷ гузоштан вазифаи ҷонии ҳар як узви оила ба ҳисоб меравад. Осудагиву солимии ҷамъият низ аз солимии оила вобаста буда, барои ҳамин ҳам оиларо  ячейкаи асосӣ, асоси пешрафту тараққиёти давлатамон медонанд.  Дар адабиёти ҳуқуқӣ мафҳуми оила чунин ифода ёфтааст: Оила- иттифоқи озодона, ихтиёрона ва баробарҳуқуқии зану шавҳар, ки баъди бастани ақди никоҳ ба миён омада, ҳуқуқ, вазифаҳои никоҳӣ, хешу таборӣ, ба фарзанди қабул кардан, ба тарбия гирифтани кӯдак ва дигар муносибатҳои оилавиро ба танзим медарорад, мебошад.

Вале баъзе аз аъзои оила ба даргоҳи муқаддас будани он эътибор надода, ба хушунату зӯроварӣ дар оила сабаб мешаванд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солимию хушбахтии оила диққати ҷиддӣ дода, соли 2015-ро дар Ҷумҳурӣ  “Соли оила” эълон намуда, дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии кишвар иброз доштанд, ки “......Масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи мушкилиҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад. Бо назардошти аҳамияти масъала, мувофиқи мақсад аст, ки дар синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти умумӣ курсҳои махсуси таълими маърифат ва одоби оиладорӣ ба роҳ монда шаванд. Мусаллам аст, ки ҷомеаи солим аз оилаи солим ва насли солим ташаккул меёбад”. Бо таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат ба оила Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои заруриро андешида, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” аз 19 марти соли 2013 ва  “Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023” қабул карда шудааст. Вале бо ин вуҷуд ҳанӯз ҳам гирифторони хушунату зӯроварӣ дар оила кам нестанд.   Хушунат ё зӯроварӣ дар оила яке аз амалҳои номатлуб дар ҷомеаи имрӯза ба шумор рафта, аслан гирифторони хушунат дар оила пиронсолону занон ва кӯдакон мебошанд.  Инчунин, дар баъзе ҳолатҳо зӯроварӣ аз ҷониби фарзанд ба  падару модар ё аз ҷониби зан ба шаҳар низ ба назар мерасад. Намудҳои зӯоварӣ дар оила иборат аст аз зӯроварии ҷисмонӣ, рӯхӣ, шаҳвонӣ ва иқтисодӣ. Бояд гуфт, ки хушунату зӯроварӣ дар оила оқибатҳои нохушро дар пай дорад. Дар натиҷаи хушунати зиёд нисбат ба кӯдакон руҳияи онҳо зери таъсиру фишор қарор гирифта, ин амал то содиркунии ҷиноят, оворагардӣ, дуздӣ, бадахлоқӣ ноболиғонро бурда расонда, ҳаёти бачагии онҳоро пурмоҷарову талх мегардонад. Бо мақсади таъмин намудани шодию хандаи ҷавонӣ ва кӯдакии худ фарзандон ба кӯча ва марказҳои дилхушӣ рӯ меоваранд. Ҳамчунин фишору зӯроварӣ ба занон ва пиронсолон низ  оқибатҳои гуреза шудан, аз ақл бегона шудан, ҷудошавии оилаҳо, худкушӣ ва бероҳашавии занону бонувонро ба  миён меоварад. Бинобар ин мо бояд фазои хонаи хешро тавре нигаҳ дорем, ки барои ҳар як аъзои он макони фароғату дилхушӣ маҳсуб шавад. Насли калонсол бояд дар ин масъала диққати ҷиддӣ дода, на танҳо нисбати кӯдакон зӯроварӣ нанамоянд, балки кӯшиш кунанд, то моҷарову нофаҳмиҳо ва баҳсу мунозираҳои мансуб ба насли калонсолро дар назди кӯдакон ифшо насозанд. Омилҳои пайдо шудани зӯроварӣ дар оила, ин бемсъулиятии калонсолон, бунёд намудани оила аз ҷониби шахсони ҳанӯз ба ҳаёти мустақилона омоданабуда, тарбияи комил надоштани барпокунандагони оила мебошад. Гарчанде тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон синни никоҳ аз 18 боло бошад ҳам, вале барои оилаи комилу солим барпо намудан ҷавононро зарур аст, ки соҳибмаълумот гардида, худро барои ҳаёти мустақилона ба таври пурра омода созанд ва вазифаи волидайнии худро, ки пеш аз ҳама ба дунё овардани фарзандони солимақл ва  тарбияи дурусти насли наврас аст, ба ҷо биёранд. Волидайнро мебояд барои фарзандони худ намунаи ибрат бошанд, зеро кӯдакон ҳамеша аз калонсолон тақлид мекунанд. Танҳо дар ҳолати нигоҳ доштани оромии муҳити оилавӣ кӯдакон ба китобхонию такмили ахлоқ таваҷҷуҳ карда метавонанд. Барои кам кардани ҳолатҳои хушунату зӯроварӣ дар оила ҳар яки мо аъзои оиларо зарур аст, ки ба калонсолони хона иззат гузошта, пурсабру таҳаммулпазир, некахлоқу дурандеш, покизарафтору хушсухан ва дорои муносибатҳои солим бошем!

Ҳамватанони азиз! Биёед, ҳар яки мо барои солимии оилаи хеш сидқан саҳм гузошта, ҷомеаро аз ҳама намуди ноосудагию ифлосӣ покиза нигоҳ дорем! Ба пурарзишии оила эҳтиром гузошта, зӯроварӣ дар оиларо маҳкум кунем, зеро “Оилаи солим ҷомеаи солим аст!”

Моҳинави Қурбонмад, мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg