ВОСЕЪ. Дар ташкилоти ибтидоии “МТМУ №64”-и ноҳияи Восеъ маҷлиси ҷамъбастӣ бо иштироки кормандони масъули ҳизбӣ ва аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии мазкур баргузор гардид.
Сараввал дар маҷлиси ҷамъбастӣ фаъолияти солонаи ташкилоти ибтидоӣ натиҷагирӣ карда шуда, вазифаҳо барои соли оянда муайян гардиданд.
Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар маҷлиси ҷамъбастӣ иштирок дошта, вобаста ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ, тарзи ҳуҷҷатгузорӣ, қабули шахсони арзанда ба сафи ҲХДТ, саҳм гузоштан дар таълиму тарбияи дурусти ҷавонон суханронӣ карда, ҳамагонро бо 27-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ табрик карданд.