ВОСЕЪ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Мактаб интернат барои хонандагони болаёқат"-и деҳаи Кадучии ҷамоати деҳоти ба номи М. Вайсови ноҳияи Восеъ бо иштироки мудири шуъбаи занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Юсупов Баҳром бо аъзои ташкилот маҷлиси ҷамъбастӣ баргузор гардид.
Дар маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ Муҳаммадҷони Бобоҷон дар бораи фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар соли 2021 шунида шуд. Дар ин раванд вобаста ба пешгирӣ аз сироятёбӣ аз бемории (КОВИД- 19) хусусан ваксинатсия, инчунин пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ ибрози андеша карда шуд.
Дар охир ҳисоботи ташкилоти ибтидоии номбурда хуб арзёбӣ гардида, вобаста ба масъалаҳои он қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.