ВОСЕЪ. Ҷиҳати ободу зебо намудани ҳар як гӯшаи ноҳияи Восеъ мутасаддиёни ноҳия корҳои ободонию созандагиро ба иҷро мерасонанд. Аз ҷониби ташкилоти ибтидоии МДНРА (ДЭУ)-и ноҳияи Восеъ назди роҳҳо пурра таъмиру ҳамвор гардида, сангфаршу мумфарш карда мешаванд.
Ин бор низ дар маркази ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳия зиёда аз 800 метр роҳ сангфарш карда шуда, баҳри ободии як гӯшаи диёр саҳме гузошта шуд.
Аъзои ташкилоти ибтидоии “МДНРА” ҳамрӯза дар ҳудуди ноҳия корҳои созандагиро ба иҷро мерасонанд.
Бояд қайд намуд, ки дар ин муддат бо дастгирии шахсони саховатпеша қисме аз кӯчаҳои Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук ва Ҷамоати деҳоти Тугарак мумфарш карда шуданд.