БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДОНИШАТ ГАР ҲАСТ, АСБОБИ ТАМАЛЛУҚГӮ МАБОШ!

АНДЕША.  Ҷаҳони имрӯзаро бе ҳодисоту воқеаҳои рузмарра тасаввур кардан ғайри имкон аст. Дар баробари ҳодисаҳои табии, воқеаҳои низ ҳастанд, ки онро баъзе ашхос баҳри манфиати гуруҳӣ ва ё шахсӣ сар мезананд, ки мо инро борҳо мушоҳида намудаем. Агар солҳои пеш вайронкорию харобсозӣ тавассутӣ лашкаркашиҳою ҷангу хунрезиҳо сармезад, имрӯз бошад ҷанг бо тафаккур идеологияи инсон оғоз гардидааст, ки оқибатҳои нохушеро аз худ дарак медиҳад. Онҳое, ки ба тафаккурвайронсозии ҷомеа мепардозанд, албатта бо манфиати шахсӣ ва ё гуруҳи фаъолият месозанд. Ин гуруҳи одамон бо барангехтани як фитна метавонанд ҳадафу мақсади худро амали гардонанд. Яке аз афроде, ки имрӯз ба вайронсозии тафаккури ҷомеаи навини Тоҷикистон машғул аст, Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад. Мавсуф бо тарҳрезии барномаҳои сохтаву бофта як гуруҳ нафаронеро, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ ба мушкили дучор гардидаву азият мекашанд, ҷалб намуда, ба механизми амалигардонии ҳадафҳои нопоки худ истифода намуда истодааст. Дар барномаҳои пай дар паи он метавон мушоҳида кард, ки тарафдорони он аксарият муҳоҷирони меҳнатиянд, ки баҳри пешбурди зиндагии худ муҳоҷиргардидаву ноогоҳона ба доми ин оммафиреб афтодаанд. Муҳаммадиқболи Садриддинро метавон яке аз фитнаҷуён номид, зеро ҳар ҳодисаю воқеаҳое , ки дар кишвар рух медиҳад, онро ба манфиати нооромкардани вазъи сиёсии кишвар истифода менамояд. Агарчи борҳо ин ҳарзагӯи фитнаҷуёро хешу ақрабо ва наздиконаш хостанд аз ин роҳаш баргардаду зиндагии осоиштаро интихоб намояд, аммо ин рӯбоҳи бе дум радкардаву худро содиқ ба хоҷагону аҷнабиёнаш нишон медиҳад. Ҳар бинандаи нуқтасанҷ пас аз тамошои барномаҳои ӯ метавонад пайбарад, ки барномаҳои ӯ тахаюлӣ буда умуман асосӣ воқеавӣ надорад. Агарчӣ ин саги бовафои дарборӣ борҳо иброз намуда, ки “ба мо маълумотҳо аз инҷо мерасад, аз онҷо мерасад” аммо маълум аст, ки комилан бофтаю дурӯғҳои худаш ва ҳаммаслаконашон ҳаст. Зеро инсон метавонад, тахаюлан ҳатто филмҳо созад, ба мисли филми туркии “Водии Гургон” , ки  қисмҳои зиёде дорад.

         Бинобар ин, шахсоне, ки ба тамошои барномаҳои ин афроди харидашуда мепардозанд, бояд ҳеҷгоҳ фаромуш насозанд, ки ҳеҷ як нафаре бе мақсад ё ин ки бе манфиат вақти худро барои дигарон сарф наменамояд.

Худойдод Ёров, сармутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон                      

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg