КУШОНИЁН. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён барои дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар тамоми ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Кушониён барои тозаю озода нигоҳ доштани деҳаю маҳаллаҳо ҳашари умумӣ таҳти унвони "Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ, беҳтар аст" эълон намудааст.
Инчунин, дар корҳои созандагиву ободонӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён иштирок дошта, дар тоза намудани атрофи майдончаи варзишӣ саҳми арзанда гузоштанд.
Якдилӣ, Ваҳдат ва дарозии умри Истиқлолияти давлатии миллати тоҷик боиси пешравӣ ва шукуфоии Ватани азизамон- Тоҷикистон мегардад.