БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

АНДЕША. Таърихи дуру наздики ҳар як халқу миллат санаю воқеаҳое доранд, ки ба инкишоф, пешрафт ва тараққиёти  минбаъдаи давлатдорӣ такони бузурге мебахшад. Миллати куҳанбунёди тоҷик низ ин гуна ходисаҳои таърихии наҷотбахши такдирро доро мебошад.

Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз чунин санаҳои таърихии наҷотбахши тақдирсози миллатамон ба ҳисоб мерафт, ки дар вазъияти хеле ташвишовари иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии кишвар, дар шаҳри бостонии Хуҷанд даъват карда шуда, гузаронида шуд.

Ин вазъияти тақдирсози миллат барои ба майдони сиёсат ва сари қудрат омадани чеҳраҳои нави сиёсатмадорон зарурати воқеиро фароҳам овард. Дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии ҶТ интихоб гардид, ки барои мардуми Тоҷикистон туҳфаи тақдир буд. 

Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-сентяри соли 1991 Истиқлолияти худро ба даст овард ва якумин маротиба Констутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол 6-уми ноябри соли -1994 ба тариқи раъйпурсии умумӣ қабул гардид. Барқарор гардидани ҳокимияти конститутсионӣ ва тағйироти куллие, ки аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омодани Раиси Шӯрои  Олӣ,  дар таҳия ва қабули Конститутсия ва қонунҳои ба талаботи шароити нав ва замони муосир ҷавобгӯ  яке аз иқдомҳои беназири Сарвари давлатамон маҳсуб меёбад. Сарвари тозаинтихобамон барои ташаккули давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона ҷонбозиҳои зиёд намуданд, то ки мардуми азияткашидаи тоҷик дар фазои озодӣ умр ба сар баранд.

Конститутсия аз ҷониби халқ пазируфта шуда, ба арзишҳои башарӣ такя менамояд. Ин нуктаро дар яке аз баромадҳояшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд кардаанд: “Конститутсия маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии халқи кишвар мебошад, зеро ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз маҳз бо шарофати андешаву ҳувияти миллӣ, таҳаммулгароӣ ва ҷасорату матонати сиёсии мардуми дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ қабул гардида, барои устувории пояҳои давлати мустақил мусоидат намуд”.

Сабоҳат Салимова, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш     

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg