БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН ХОИНОНИ МИЛЛАТРО БЕЗОБИТА КАРДААСТ

ВОКУНИШ. Душманони миллату давлати Тоҷикистон дар сомонаҳои интернетии худ ба монанди “Паём нет”, “Ислоҳ нет”, “Бомдод.ком” "Гурӯҳи 24" ва ғайра, ки аз ҷониби Иқболи Садриддин, Муҳидин Кабирӣ, Мирзои Салимпур, Ҳусейн Ашуров, Т.Беҳрӯз ва оқипадари Шарофиддин Гадоев бурда мешаванд, бо дурӯғу туҳмат ва суханҳои таҳқиромез нисбат ба давлату ҳукумат хостанд тазоҳуроту митингҳоро дар кишвари мо ташкил кунанд. Мақсади онҳо фақат ва фақат ноором сохтани авзои ҷумҳурӣ буда, бо ахборҳои дурӯғ, маҳалгароӣ ва ҷангу хунрезиро ба амал биоранд. Ин хоинону душманони миллат зидди давлати мо мубориза бурда, бо барномаҳои худ мардумро ба митинг даъват мекарданд.

Ҳодисаҳое, ки дар Бадахшон ба вуқӯъ омад, мардум нафаҳмидаву надониста аз як ҷинояткор пуштибонӣ карда, дар кӯчаву хиёбонҳо митингу тазоҳуротҳо ташкил карданд. Аз ин душманони давлати мо истифода бурда, бо иттилоотҳои дурӯғу туҳматҳои пайдарпайи худ дар шабакаҳои интернетӣ мардумро ба тазоҳуротҳо даъват намуданд, хаёл карданд, ки мардум ба сафсатаҳои онҳо бовар мекунанд. Ба гуфти онҳо гӯё дар Тоҷикистон мардум зулм мебинанд. Ягона мақсаду ниятҳои ин фурӯхташудаҳо сулҳу субот ва оромии Тоҷикистонро вайрон кардан аст. Дар филми “Нерӯи қонун” собиқ раиси вилояти Бадахшон асли воқеа ва ҳақиқатро ба тамошобинон равшан сохт. Маълум гардид, ки асли воқеа аз куҷо сар мешавад ва то куҷо воқеият дорад. Чанд соли охир Гулбиддин Зиёбеков бо як гурӯҳ ҳаммаслаконаш ба бетартибиҳо ва ҷиноятҳо даст задааст. Ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳозир нашуда, бо худ силоҳ доштааст. Ба сӯи онҳо тир холӣ карда, дар натиҷа захмдор гардида, ба ҳалокат расидааст. Мардум аз ҳақиқати ҳол огоҳ гардид ва боварӣ дорам, ки дигар  аз чунин ҷинояткорон пуштибонӣ намекунанд. Волоияти қонун бояд дар ҳамаи минтақаҳои кишвар баробар риоя карда шавад.

Хоинони миллат аз пули бедардимиёни хоҷагони хориҷии худ истифода бурда, саҳифаҳои сомонаи худро бо гузоришҳои беасосу бемантиқ, наворҳои подарҳаво нисбат ба давлату Ҳукумати Тоҷикистон пур карда, рӯз мегузаронанд. Инро бояд донанд, ки мардуми Тоҷикистон тарафдори сулҳу амонӣ буда, аз найрангу дассиса ва  амалҳои зараровару ҳалокатбори онҳо бохабар аст ва дигар ба сафсатаҳои онҳо бовар надоранд.

Далер Собиров, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Кӯшониён                      

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg