ФАРХОР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "АСИН" маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи ташкилоти ибтидоии мазкур бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ баргузор гардид.
Дар маҷлис ду масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуда, оид ба масъалаи якум ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "АСИН" Абдураҳимзода Худойдод дар бораи натиҷаи фаъолияти ташкилоти ибтидоии "АСИН" дар соли 2021” шунида шуда, нақшаи корӣ барои нимсолаи аввали соли 2022 тасдиқ гардид.
Ҳамчунин, масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар масъалаи ҳаракати аъзои ҳизб баромад намуда, таъкид карданд, ки ҳисоботҳо оид ба ҳаракати аъзои ҳизб ҳар моҳ ва сари вақт ба Кумитаи иҷроия дастрас карда шаванд.