ҚУБОДИЁН. Бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Ваҳобиддин Абдуллоев дар ташкилоти ибтидоии “Куҳандиз”-и деҳаи Арабхонаи ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрав маҷлиси ҷамъбастӣ дар соли 2021 баргузор гардид.
Дар маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии “Куҳандиз” Ҳаитов Эркин оид ба фаолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2021 шунида шуда, вобаста ба масъалаҳои маҷлис қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Дар идомаи маҷлис масъулини Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Қубодиён дар бораи тарзи дуруст ҷойгир кардани ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ, саҳм гузоштан дар таълиму тарбияи ҷавонону наврасон, инчунин ҷалб намудани шахсони арзанда барои пайвастан ба ҲХДТ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд.
Дар охир ҳисоботи ташкилоти ибтидоии "Куҳандиз" хуб арзёбӣ гардид.