ДӮСТӢ. Вобаста ба иҷрои ҷадвали тасдиқгардида маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти корӣ дар соли 2021 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Идораи бойторӣ"-и-ноҳияи Дӯстӣ баргузор гардид.
Масъулини Кумитаи иҷроияии ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ Ибрагимов Абдусаломро оид ба риояи талаботҳои Оинномаи ҳизб қаноатбахш арзёбӣ намуда, иштирокчиёнро барои боз ҳам пурзӯр кардани фаъолияти ҳизбӣ дар соли нав раҳнамоӣ карданд. Инчунин, қайд гардид, ки вобаста ба таъмини амнияти озуқаворӣ маҳз ҳамин ташкилот дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро бештар намоянд.