ҚУБОДИЁН. Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бо саҳмдорони хоҷагии деҳқонии “Ҳосилот”вобаста ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун барномаи мукаммали рушди тамоми соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳия маънидод карда мешавад, вохӯрӣ доир карда шуд.
Ҳамзамон қайд карда шуд, ки соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардида, барои мардуми тоҷик, хусусан занони хонашини деҳот имконият фароҳам оварда шудааст, ки бо рушди ҳунарҳои мардумӣ ва сатҳи зиндагониашон беҳбудӣ бахшида,бо ҳунарҳои ҷолиби худ фарҳанги миллати тоҷикро дар арсаи байналхалқӣ муаррифӣ намоянд.
Оид ба имкониятҳои дастрасии аҳолӣ ба таълим, пешгирии ақди никоҳи хешутаборӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ мудири шуъаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия сухан намуда, даъват бар он намуд, ки барои расидан ба ҳадафҳои неки Сарвари давлатамон ҳар яки фарди ҷомеа саҳмгузор бошанд.
Баромадкунандагон дар бораи таърих ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии он ва сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда,оид ба тарзи ҳаёти солим ва пешгири аз паҳншавии бемориҳои сирояти, тарбияи ҳарби ватандустии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба хизмати ҳарбӣ, фарҳанги миллӣ ва пешгирӣ аз майли бегонапарастӣ миёни ҷавонону занон, пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, мулоқоти самимию озодона гузаронида шуд.