ДАНҒАРА. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Омор" маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи ташкилоти ибтидоии мазкур бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Рахмонзода Аваз ва Раҷабализода Ҳокималӣ баргузор гардид.
Дар маҷлис ду масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуда, оид ба масъалаи якум ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Омор" Бобохонов Мансур дар бораи натиҷаи фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2021” шунида шуд ва нақшаи корӣ барои нимсолаи аввали соли 2022 тасдиқ гардид.
Ҳамзамон масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар бораи ҳаракати аъзои ҳизб баромад намуда, таъкид карданд, ки ҳисоботҳо оид ба ҳаракати аъзо ҳар моҳ ва сари вақт ба Кумитаи иҷроия дастрас карда шавад.